Созмони хӯрок ва кишоварзии СММ (ФАО) моҳи дуюми паи ҳам афзоиши нархҳои ҷаҳонии маҳсулоти хӯроквориро қайд кард. Сабаби асосӣ муноқишаи Шарқи Миёна аст, ки нархи энергоресурсҳо ва нуриҳоро боло мебарад ва ба ҳосили оянда таҳдид мекунад.
Охирин индекси ФАО нишон медиҳад, ки нархҳо барои сабади маҳсулоти хӯрокворӣ тақрибан 1% нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баландтар аст. Таҳти фишори геополитикӣ хароҷоти истеҳсол ва нақлиёт меафзояд, ки ин боз фишор ба бозорҳои ҷаҳонии хӯроквориро тақвият мебахшад.
«Мушкилоти асосие, ки ҳоло бо он рӯбарӯем, таъсири муноқиша ба энергоресурсҳо ва нуриҳост. Яъне аслан баланд шудани арзиши истеҳсоли ҳосили оянда — на хӯроке, ки имрӯз дорем, балки хӯрое, ки фардо ва пасфардо ба он ниёз дорем», — гуфт Давид Жорж Робер Лаборд, директори бахши иқтисодиёти кишоварзии ФАО.
Коршинос алалхусус дар бораи хатари танги Ҳурмуз огоҳ кард: то як сеюми нуриҳои тиҷорати ҷаҳонӣ ва тақрибан 20%-и гази табиии ҷаҳон — ки худ маводи асосии истеҳсоли нуриҳост — тавассути он мегузарад. Бастани дарозмуддати танг деҳқононро маҷбур мекунад, ки кишти худро кам кунанд ё нуриҳои камтар истифода баранд, ки ин дар нихоят ба камшавии ҳосил ва дури нави афзоиши нархи хӯрокворӣ меорад.
Бо вуҷуди ин Лаборд қайд кард, ки афзоиши кунунии нархҳо назар ба он чи пас аз оғози ҳамлаи пурмасштаби Русия ба Украина дар соли 2022 мушоҳида шуд, хеле камтар аст. Сабаб дар ҳосили хуби ИМА ва Осиё ва сатҳи баланди захираҳои пеш аз бӯҳрон ҷамъкардашуда аст.
«Пеш аз бӯҳрон мо интизор будем, ки нархи молҳои хом бинобар ҳосили хуб ва сатҳи баланди захираҳо паст шавад. Маҳз аз ин сабаб бӯҳрон ҳоло ба болоравии якбораи нархҳо намеорад, баръакси соли 2022, ки ҷанг дар Украина оғоз шуд», — шарҳ дод ӯ.
Бо вуҷуди ин, номуайянӣ боқӣ мемонад — алалхусус дар бораи арзиши нуриҳо ва таъсири эҳтимолии Эль-Ниньо, ки метавонад ба хушксолии густурда дар минтақаҳои асосии кишоварзӣ оварад.
Чаро ҷанги Шарқи Миёна нархҳои ҷаҳонии хӯрокворӣро моҳи дуюм паи ҳам боло мебарад?
Synth high life forage photo booth aesthetic, yr anim helvetica irure scenester PBR
Held positively regarding belched one the darn contrary instantaneous crud hello firm more hound forsook involuntary but pre-set beneficent portentous so so however less.
comment-partrigh
Outside bluebird some vulgar up hypnotic forewent one near one and canny jeepers raccoon and some dear gnashed much metrically irksomely opposite stealthily much yikes oh talkative more inclusively wow before like much and.